Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – сентябр соли 2013

01.03.2013 10:10

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3807,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2012-ум 4,2 фоиз ё 154,7 млн. доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда, дар моҳҳои январ сентябри соли 2013-ум -2047,1 млн. долларро ташкил кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 96 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамолики ИДМ ва бо 86 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хоричӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 40,1 фоиз ё 1526,5 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 59,9 фоиз ё 2280,9 млн. доллар рост меояд. Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 1205,3 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур -841,8 млн., долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2012 бо мамлакатҳои ИДМ 4,9 фоиз ё 78,3 млн. доллар кам шудааст ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 11,4 фоиз ё 233,0 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 содироти мол 880,1 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2012-ум 9,2 фоиз ё 89,3 млн. доллар кам аст.

Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 2927,3 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2012-ум 9,1 фоиз ё 244,0 млн. доллар зиёд мебошад.

Дар моҳи сентябри соли 2013 нисбат ба моҳи сентябри соли 2012 гардиши савдои хориҷӣ 6,4 фоиз ё 26,9 млн. доллар кам шудааст.

Аз он ҷумла гардиши савдои хориҷӣ дар моҳи сентябри соли 2013 нисбат ба моҳи сентябри соли 2012 бо мамлакатҳои ИДМ 8,0 фоиз ё 14,4 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 5,2 фоиз ё 12,5 млн. доллар кам шудааст.

Дар моҳи сентябри соли 2013 содироти молҳо нисбат ба моҳи августи соли 2013-ум 44,9 фоиз ё 54,4 млн. доллар ва воридот бошад 7,9 фоиз ё 27,9 млн. доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2013 содироти воситаҳои нақлиёт нисбат ба моҳҳои январ- сентябри соли 2012-ум 3,2 баробар ё 107,0 млн. доллар, мошинолот ва таҷҳизот 2,7 баробар ё 13,9 млн. доллар, маҳсулоти растанӣ 17,2 фоиз ё 5,7 млн. доллар, асбобу анҷоми оптикӣ, тиббӣ ва ченкунӣ 2,6 баробар ё 2,0 млн.доллар, чӯбу тахта ва маснуоти он 11,9 баробар ё 0,3млн. доллар, қоғазу картон ва маснуоти онҳо 74,8 фоиз ё 0,3 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар айни ҳол, содироти фузулоти арзонбаҳо ва маснуоти онҳо 28,9 фоиз ё 124,7 млн. доллар, маҳсулоти маъданӣ 30,9 фоиз ё 26,3 млн. дллар, газвори насссоҷӣ ва маснуоти онҳо 13,5 фоиз ё 23,8 млн. доллар, фулузоти қимматбаҳо 10,7 фоиз ё 6,6 млн. доллар, маҳсулоти тайёри озуқа 26,7 фоиз ё 0,3 млн. доллар, пӯсти хом ва чарм 7,6 фоиз ё 0,2 млн доллар кам шудааст.

 

Содирот аз рӯи гурӯҳҳои молҳо

Воридоти васоити нақлиёт 37,9 фоиз ё 151,4 млн. доллар, фузулоти арзонбаҳо ва маснуоти онҳо 32,8 фоиз ё 53,7 млн. доллар, мошинолот ва таҷҳизот 8,1 фоиз ё 22,8 млн. доллар чӯбу тахта ва маснуоти он 14,5 фоиз ё 20,9 млн. доллар, маснуот аз санг, гулгаҷ ва семент 25,9 фоиз ё 13,7 млн. доллар, ашёи полимерӣ, резина ва маснуоти онҳо 29,2 фоиз ё 12,3 млн. доллар, маҳсулоти тайёри озуқа 6,0 фоиз ё 10,4 млн. доллар газвори насоҷӣ ва маснуоти онҳо 30,6 фоиз ё 7,5 млн. доллар, маҳсулоти чорво 8,3 фоиз ё 3,7 млн. доллар, пойафзол, каллапӯш 58,7 фоиз ё 3,0 млн.доллар ва ғайраҳо афзудааст.

Дар айни замон, воридоти қоғазу картон ва маснуоти онҳо 35,4 фоиз ё 14,3 млн. доллар, маҳсулоти растанӣ 4,4 фоиз ё 11,5 млн доллар, маҳсулоти саноати кимиё 3,1 фоиз ё 10,9 млн. доллар, маҳсулоти маъданӣ 1,8 фоиз ё 10,1 млн. доллар, асбобу анҷоми оптикӣ, тиббӣ ва ченкунӣ 7,0 фоиз ё 2,0 млн доллар, чарбу, равғани чорво ва растанӣ 6,7 фоиз ё 4,7 млн. доллар, кам шудааст.

 Воридот аз рӯи гурӯҳҳои молҳо

Гази табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 ворид нагардидааст.

Дар амалиёти савдо афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Туркия (266,2 млн. доллар), Швейтсария (51,1 млн. доллар), Афғонистон (30,3 млн. доллар) мушоҳида шудааст.

 

Шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдо

дар моҳҳои январ- сентиябри соли 2013

Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – сентябр соли 2013

Нигористон

Тақвим