Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

07.06.2021 19:23

7 июни 2021 бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.

Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Суҳбат дар фазои созандаи корӣ баргузор гардид.

Tadzhikistan-i-Turkmenistan-07-06-2021.jpg

Нигористон

Тақвим