Вохӯрӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон

08.06.2021 17:03

8 июни 2021 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Акан Рахметуллин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ дар бораи самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди онҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Пойбандии ҷонибҳо ба густариши бештар ва босифати робитаҳои мутақобилан судманд бар пояи шарокати стратегӣ, дустӣ ва эҳтироми якдигар иброз гардид.   

Kazakhstan-08-06-21-03-06-1.jpg

Нигористон

Тақвим