Мулоқоти Прокурори генералӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Австрия

04.08.2021 17:53

3 августи 2021 дар шаҳри Вена дар чаҳорчӯби сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия мулоқоти ӯ бо ҳайати масъулони баландпояи мақомоти ҳафзи ҳуқуқи Австрия бо шумули Мудири кулли Сарраёсати қонунгузории ҷиноӣ-ҳуқуқии Вазорати федералии адлияи Австрия Кристиан Манкет, муовини Прокурори генералии Австрия  Михаэл Лайтнер ва роҳбари Раёсати ҳифзи Конститутсия ва мубориза алайҳи терроризми Вазорати корҳои дохилии Австрия Ернст Коглер баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалахои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои  дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия, аз ҷумла дар самтҳои марбут ба ироаи кӯмакҳои ҳуқуқии мутақобила ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, тақвияти равобити байниидоравӣ, истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, муқовимат ба терроризм ва экстремизм ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар баробари ин ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба вазъи амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

foto-duchoniba.jpg

 

Нигористон

Тақвим