Мулоқоти Прокурори генералӣ бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои САҲА

04.08.2021 18:11

2 августи 2021 дар шаҳри Вена Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Мудири Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Туула Юрёла мулоқот намуд.

Зимни мулоқоти мазкур раванди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА дар чаҳорчӯби ченакҳои низомӣ-сиёсӣ ва гуманитарии Созмон, аз ҷумла татбиқи барномаву лоиҳаҳои САҲА дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар татбиқи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар баробари ин ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба вазъи амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он, роҳҳои танзими ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамоишҳои САҲА, инчунин мусоидати САҲА дар зарфиятсозии мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

saha3.jpg

Нигористон

Тақвим