Мулоқоти Прокурори генералӣ бо Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ

04.08.2021 18:25

2 августи 2021 дар шаҳри Вена Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ғода Валӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот мавзӯъҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муқовимат бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, фурӯши одамон, пешгирии фасод ва ҷиноятҳои иқтисодӣ ва таҳкими низоми адлияи ҷиноӣ, инчунин ҳамкорӣ дар татбиқи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 матраҳ гардиданд.

Дар баробари ин ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба вазъи амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он, инчунин раванди татбиқи барномаву лоиҳаҳои UNODC дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

UNODC.jpeg

 

 

Нигористон

Тақвим