Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитация ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор имзо гардид.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.