Вохӯрӣ бо Сафири Британияи Кабир

11.08.2021 16:24

11 августи соли 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Лоусонро бинобар ба итмом расидани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ибрози андеша намуда, ҳавасмандии хешро баҳри таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ ба Мэтю Лоусон барои саҳмаш дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.

11-08-21-16-25.jpg

 

Нигористон

Тақвим