Иштироки муовини вазир дар Ҳафтаи ҷаҳонии об 2021

26.08.2021 10:56

25 августи 2021 дар чаҳорчӯби Ҳафтаи ҷаҳонии об 2021 таҳти раисии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва муовини вазири тиҷорати хориҷӣ ва ҳамкории Подшоҳии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейден ҷаласаи махсуси “Омодагии фарогир ва амалӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 (Ню-Йорк)” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Ш. Шерализода дар бораи ҳадаф, вазифа ва дигар мавзӯъҳои раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ, таҳияи иқдомҳои муштараки кишварҳои узви СММ ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, масъалаҳои тадорукотии Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» соли 2022 дар Душанбе, ки ҳамчун чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси СММ оид ба бознигарии фарогири Даҳсолаи амал (дар Ню-Йорк, 2023) пешбинӣ шудааст, суханронӣ кард.

Ҷонибҳо аҳаммияти раванди омодагии комил ба Конфронси оби СММ дар соли 2023-ро таъкид намуда, идомаи ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби нишастҳои байналмилалии соҳавӣ, ҷаласаҳои СММ, машваратҳои вежаи Гурӯҳи дӯстони об ва дигар абзорҳои ҳамкориро муҳим донистанд.

Миёни иштирокдорони нишасти маҷозӣ дар бораи нақша ва барномаи ҳамкориҳои баъдӣ табодули андеша сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки 21 декабри 2020 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлоси 75-уми худ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” бо иттифоқи оро ва ҳаммуаллифии 190 кишвари узви СММ қабул намуд. Мувофиқи қатънома 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк таҳти мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд Конфронси оби СММ-2023 баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

baroi-somona.jpg

 

Нигористон

Тақвим