Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Озарбойҷон

27.08.2021 09:59

26 августи 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Асгаровро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Озарбойҷон ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид.

С.Муҳриддин оғози фаъолияти дипломатии А.Г.Аскеровро дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки ӯ барои фаъолона таҳким бахшидан ба муносибатҳои ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард.

Мусоҳибон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ва равобити кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона сурат гирифт.

IMG-4266.jpg

IMG-4268.jpg

IMG-4277.jpg

 

Нигористон

Тақвим