Маҷаллаи “Diplomatisches Magazin” дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

10.09.2021 19:20

9 сентябри 2021 ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар маҷаллаи олмонии Diplomatisches Magazin зери унвони “Аз оғоз то кунун. Си соли истиқлолият” интишор ёфт.

Дар ин мақола Соҳибназар Ғайратшо нахустин солҳои мустақилияти кишвар ва чолишҳои он замонро дар шакли руҷуъи таърихӣ ба қалам дода, таваҷҷуҳи хонандаро ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда, мароми боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди истиқрори суботу ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди фарогири иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар ҷалб карда, ҳадафҳои стратегии мамлакатро дар мисоли густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон шарҳ додааст.

Сафири Тоҷикистон дар муаррифии зарфиятҳои мавҷудаи моддӣ ва захираҳои инсонии кишвар, мароми кишвар дар самти татбиқи иқтисоди сабз ва талошҳои он дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҳамгироӣ бо кишварҳои минтақаро таъкид намуда, аз доираҳои иқтисодиву тиҷоратии Олмон даъват ба амал овардааст, ки аз ин афзалиятҳои мавҷуда истифода баранд.

Бо ибрози таманниёти нек ба ҳамватанон, донишҷӯён ва муҳассилини тоҷики муқими Олмон онҳо баҳри андӯхтани донишҳои муосир ва истифодаи малакаву маҳорати худ ба нафъи Ватани хеш роҳнамун гардиданд. Дар ин шумораи маҷалла ҳамчунин таманниётҳои шарикон ва дӯстони Тоҷикистон ба мардуми тоҷик бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар инъикос ёфтаанд.

Маводро метавонед инҷо бо забони англисӣ ва тоҷикӣ мутолиа кунед:

www.botschaft-tadschikistan.de/dm

 

 

Нигористон

Тақвим