Мизи гирд “Об барои ҳаёт” дар Минск

04.05.2015 11:08

30 апрели соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар чаҳорчӯбаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мизи гирд доир гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони вазорату идораҳои Беларус, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ИДМ, корпуси дипломатии муқими Беларус, мактабҳои олӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Чорабиниро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов ҳусни оғоз бахшид. Сафир ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаи об, аз ҷумла, роҷеъ ба пешбарии идеяи “Об барои ҳаёт” маълумот дод.

Иштирокчиёни Мизи гирд пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани даври дуюми Даҳсолаи байналмилалӣ зери шиори “Об барои рушди устувор” дар рафти 7-ум Форуми ҷаҳонии об, ки 12 апрели соли 2015 дар ш. Дегуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Мизи гирд “Об барои ҳаёт” дар Минск

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим