Мулоқоти Муовини вазир бо Сафири Япония

21.09.2021 16:30

21 сентябри 2021 Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим Сафири Япония дар Тоҷикистон ҷаноби Такаюкӣ Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Японияро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти имзои Ёддоштҳои табоддулӣ оид ба Барномаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” миёни ду кишварро барои таҳкими муносибатҳо таъкид карданд.

Japan-21-09-2021-16-30.jpg

 

Нигористон

Тақвим