Вохӯрӣ бо Сафири Арабистони Саудӣ

27.09.2021 17:18

27 сентябри 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии амиқро барои рушду таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид намуда, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва абзори Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро муҳим хонданд.

IMG-5884-27-09-2021-17-16.jpg

Нигористон

Тақвим