Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ

28.09.2021 08:59

27 сентябри 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорчӯби сафари кории худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти тозаинтихоби он Абдулло Шоҳид мулоқот анҷом дод.

Дар суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои амният, иқтисод, иҷтимоӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба таъкид карданд.

Тарафҳо инчунин таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аҳаммияти вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зистро баррасӣ намуданд.

IMG-20210927-WA0008.jpg

Нигористон

Тақвим