Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия

05.10.2021 08:53

4 октябри 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Муовини Вазири саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Туркия Четин Али Донмез баргузор гардид.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, алалхусус дар соҳаи саноат ва танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули назар намудаанд. 

Қайд гардид, ки миёни ду кишвар иқтидори зиёд ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ мавҷуд мебошад ва дар робита ба ин аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони туркӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории авлавиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо суҳбати судманд барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.

 

Нигористон

Тақвим