6 октябри 2021 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 22 сентябр то 8 октябри соли 2021 бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Дар мулоқот доир ба робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, таҳкими самтҳои он ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо дарназардошти вазъи минтақа табодули афкор сурат гирифт.


