Мулоқот бо мудири Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд

19.10.2021 15:14

19 октябри соли 2021 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо мудири Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, густариши самтҳои он ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор сурат гирифт.

IMG-7838-Bonki-Islomi-19-10-2021.jpg

Нигористон

Тақвим