Мулоқот бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO)

20.10.2021 08:54

19 октябри 2021 дар ҳошияи иштирок дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират дар мавзӯи “Бознигарии сиёсати муҳоҷират: чолишҳо, имконот ва стратегияҳо” муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) Ли Йонг мулоқот намуд.

Ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки созмони мазкурро дар қаламрави кишвар баррасӣ карда, аз сатҳи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNIDO изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Tajikistan-and-UNIDO-20-10-2021.jpg

Нигористон

Тақвим