Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон

20.10.2021 11:00

18 октябри соли 2021 дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон  Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон  Муҳаммад Фатҳалӣ  баргузор гардид. 

Ҷонибҳо дар мулоқот аз натиҷаҳои сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои амалӣ намудани бархе аз тавофуқҳои ҳосилшуда зимни ин сафарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Нигористон

Тақвим