Маросими супоридани мукофоти давлатӣ

20.10.2021 17:04

20 октябри 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени «Спитамен» дараҷаи I ба Батрканова Кизат Жилкибаковна - модари марҳум, сержанти хурди баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич, ки 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуда буд, баргузор гашт.

Дар маросим аъзои оилаи марҳум Раҷан Батрканов, Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенант Д. Дилманов, намояндагони расмии мақомоти дахлдори Қазоқистон, Ҷамъияти сарбозон-собиқадорони Қазоқистон, инчунин васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ширкат варзиданд.

Сафир Хайрулло Ибодзода баъд аз суханони ёдбудӣ ба хотири сарбози шаҳиди қазоқистонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 252 аз 30 сентябри соли 2021-ро дар хусуси барои далерию фидокорӣ бо ордени «Спитамен» дараҷаи I пас аз марг сарфароз гардонидани сержанти хурд Батрканов Раҷан Армиевич ироа намуда, мукофотро ба модари қаҳрамон супорид.

Хешовандони Раҷан Батрканов ва шахсони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон дар суханрониҳои худ ба Ҳукумат ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии хидмати сарбози қазоқистонӣ арзи сипос намуданд.

Spitamen-20-01-2021-17-04.jpg
 

Нигористон

Тақвим