Изҳороти матбуотии
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин
аз натиҷаи мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон
Петер Сийярто
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Тавре ба Шумо маълум аст, Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон ҷаноби Петер Сийярто ба мақсади гуфтугӯ бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар Конфронси минтақавии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҷиҳати омодагии Осиёи Марказӣ ба 9-умин форуми ҷаҳонии об зери унвони “Амнияти обӣ баҳри сулҳ ва рушд” бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Чанд лаҳза пеш вохӯриҳои мо бо ҷаноби Питер Сийярто чун анъана дар фазои дӯстӣ, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Мо имрӯз мавзӯъҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намудем.
Баъд аз анҷоми гуфтугӯҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористонро ба имзо расонидем.
Мо бо қаноатмандӣ аз нишасти якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар таърихи 15 октябри соли 2021 истиқбол карда, изҳори итминон намудем, ки он ба тавсеаю таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт.
Дар рафти мулоқот мо таъкид доштем, ки густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва таъсиси гурӯҳҳои дустӣ миёни парлумони ду кишвар барои муносибати Тоҷикистону Маҷористон муҳим мебошад.
Мо ба масъалаи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи мураккабу пурпечутоби Афғонистон, ки имрӯзҳо дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ ва буҳрони муҳоҷиратӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намудем.
Зимни баррасии робитаҳои ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷониба, мо аз ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об, изҳори қаноатмандӣ кардем.
Тоҷикистон яке аз ҷонибдорони татбиқи сиёсати "иқтисоди сабз" буда, дар ин самт бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Маҷористон ҳамкории зич дорад.
Мо барои саҳм ва дастгирии Маҷористон аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар иртибот ба ҳалли масоили истифодаи пурсамари захираҳои об дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипос менамоем.
Ҳамин гуна мо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим шуморидем.