Мулоқот бо мудири минтақавии ташкилоти австриягии “Hilfswerk International”

21.10.2021 09:02

20 октябри 2021 дар Вена мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии "Hilfswerk International" Стоянка Манолчева барпо гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои рушди кишоварзӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тақвияти рақобатпазирии молу маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

image-Hilfswerk-International-20-10-2021.jpeg

Нигористон

Тақвим