20 октябри 2021 дар Вена мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Мудири кулли Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) Михаэл Шпинделеггер барпо гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳо бо созмони мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба имкониятҳои тавсеаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.