Сафари кории Сафири Тоҷикистон дар Россия ба Чувашия

25.10.2021 17:39

18-19 октябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Чувашия сафари корӣ анҷом дод.

Дар чорчӯби сафари кории худ Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Чувашия Олег Николаев мулоқот кард. 

Зимни суҳбат, ки дар фазои анъанавии дӯстона баргузор шуд, ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чувашия табодули афкор намуданд.

Тарафҳо майлу рағбати худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои саноат, маориф, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии  Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, ташкили сафари доираҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя иброз доштанд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбатон перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла интиқоли молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба  бозорҳои Чувашия изҳори назар карданд.

Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рафти сафари кории худ, аз Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянов дидан карда, бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот бо донишҷӯён  ва намояндагони диаспораи тоҷик Сафири Тоҷикистон дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ маълумот дод. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии ҷавонон махсус таъкид шуд.

Зимни сафар роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон  аз коргоҳҳои истеҳсолии Консерни «Тракторные заводы», холдингии электротехникии «ЧЭАЗ» ва ҶДММ «Кейсистемс» дидан кард. 

Дар мулоқотҳо роҳбарони корхонаҳои мазкур ҳавасмандии худро ҷиҳати даъвати беш аз 250 нафар аз Тоҷикистон барои фаъолият дар ин ширкатҳо изҳор намуданд.

Нигористон

Тақвим