Иштироки Вазир дар дуюмин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар қолаби “6+1” бо иштироки Федератсияи Русия

28.10.2021 08:11

27 октябри соли 2021 дар Теҳрон ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар қолаби 6+1 бо иштироки Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин иштирок ва суханронӣ кард.

Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки вазъи душвори феълии Афғонистон аз ҳамсоягони наздики он, ба хотири барқарор кардани сулҳу субот дар он кишвар саъю талоши бештарро тақозо мекунад.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ изҳор дошт, ки вазъи  мураккаби дохилии сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва амниятии Афғонистон, ба  мушкилии на танҳо мардуми он, балки ба мушкилии шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳама шаклҳои қонуншиканӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Тоҷикистон наметавонад дар чунин рӯзҳои сахт барои мардуми ин кишвари ҳамсоя, ки  дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад, бетафовут бошад. 

Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, Тоҷикистон ҳамеша аз барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ содиқ мемонад.

Аз вазъи вилояти Панҷшер, инчунин набуди заминаҳои демократия: озодӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон ҳамеша аз таъсиси ҳукумати ҳамашумул бо иштироки тамоми нерӯҳои иҷтимоӣ ва этносиёсии кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ бо роҳи музокирот ҳарчӣ зудтар чораҳои фаврӣ андешанд.

Дар фарҷом баёнияи муштарак қабул гардид.

Нигористон

Тақвим