Конфронси байналмилалии илмиву амалии “Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия” ва “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд”

28.10.2021 17:54

28 октябри 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмиву амалии “Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия” ва “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд” баргузор гардид.

Дар Конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин намояндагони созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Конфронс бо суханони ифтитоҳии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабиён оғоз ёфт.

Дар рафти конфронс иштирокдорон дар бораи масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия, самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, дарёфти ҷойгоҳи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷанбаҳои гуногуни дипломатия сухан карданд.

 

Нигористон

Тақвим