Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА

29.10.2021 16:47

29 октябри 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Маргарета Седерфелтро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумониро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хонданд.

Ғайр аз ин, мусоҳибон аҳаммияти муқовимати муштаракро алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд. Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шуданд.

Зимни вохӯрӣ таҳаввулоти ахир дар Афғонистон матраҳ гардида, С.Муҳриддин дар бораи вазъи нигаронкунанда дар марз бо ин кишвар маълумот дод.

Тарафайн барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби се ченаки САҲА изҳори омодагӣ намуданд.

 

 

OSCE-4.jpg

OSCE-3.jpg

Нигористон

Тақвим