29 октябри 2021 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия С.Лавров баргузор гардид.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандиро барои тавсеаи баъдии ҳамкориҳо ва муносибатҳои шарикии стратегӣ байни кишварҳо иброз доштанд.