Мулоқот бо Муовини дабири кулли СММ

04.11.2021 10:05

3 ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазго дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР26) вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Муовини дабири кулли СММ, Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои кам тараққикарда ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ Куртенай Раттрай баргузор гардид.

Дар суҳбат ҷонибҳо масьалаҳои рушди ҳамкориҳои фарогир бо ниҳодҳои дахлдори СММ, икдомҳои муштараки ҳамоҳангшуда барои рафъи паёмадҳои COVID-19 ва норасоии ваксинаҳо, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба муҳити зистро баррасӣ намуданд. 

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, хосатан моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешниҳод кард.

Ҷонибҳо ҳавасмандии амиқро барои пешбурди муколамаи фарогири самаранок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар самтҳои барои ҳар ду тараф муҳим, махсусан ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 ва Барномаи амали Вена оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ зикр карданд.

Meeting-with-the-UN-Under-Secretary-General-03-11-2021.jpg

Нигористон

Тақвим