8 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар масири сафари худ ба Париж ҷиҳати иштирок дар Иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, (9-24 ноябри соли ҷорӣ) бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқот анҷом дод.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суҳбат дипломатҳоро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти қабули онро ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард. Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.
Дар зимн, С. Муҳриддин нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, инчунин волоият ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон махсусан таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ бо тазаккур аз хидматҳои арзандаи ходимони сиёсии давлат, ҳамчунин мукофоти давлатии “30 солагии Истиқлолият”-ро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сарфароз гардонида шуда буд, ба ӯ тақдим кард.