Мулоқот бо сафири Эрон

09.11.2021 16:39

9 ноябри соли 2021 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ баҳри тавсеаи баъдии муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар иброз карданд.

Sait.jpg

 

Нигористон

Тақвим