Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Афғонистон

18.11.2021 11:29

17 ноябри 2021 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шӯрои амният оид ба масъалаи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур дар баробари кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ бархе аз кишварҳои ҳамсоя низ даъват шуданд. Зимни он гузориши Намояндаи вежаи Дабири кул, Роҳбари Ҳайати мусоидати СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс оид ба вазъ дар Афғонистон шунида шуд.

Намояндаи доимии кишвар зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ироа кард.

PR-Tajikistan-to-UN-Jonibek-Hikmat.jpg

Нигористон

Тақвим