23 ноябри 2021 ҳайати воломақоми Иттиҳоди Аврупо зери роҳбарии Намояндаи олӣ оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл ва Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор доранд, ба шаҳри Норак ташриф оварданд.
Ба мақсади муаррифӣ бо захираҳои обӣ ва зарфияти гидроэнергетикӣ дар ин мавзеи кишвар, меҳмонон аз нерӯгоҳи барқи обии “Норак” боздид намуданд.
Дар фарҷоми сафар, меҳмонон ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об дар чаҳорчӯби абзорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба иброз намуданд.