Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар зиёфати корӣ оид ба Афғонистон

03.12.2021 04:53

2 декабри 2021 дар шаҳри Стокҳолм Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар муколамаи корӣ дар мавзӯи вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои паҳнои САҲА, ки бо ибтикори Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҳошияи 28-ум иҷлоси Шӯрои вазирони САҲА, баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии хеш, Сироҷиддин Муҳриддин роҷеъ ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, таъсири он ба минтақа, вазъи башардӯстона дар он кишвар ва зарурати расонидани кумаки фаврии башардӯстӣ ба мардуми Афғонистон изҳори назар кард. 

Нигористон

Тақвим