Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон

03.12.2021 08:07

2 декабри 2021 дар ҳошияи Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 оид ба рушди устувори сайёра мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Левенте Мадяр барпо гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, об ва энергетика, фарҳанг ва маориф мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии амиқи худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карданд.

03122111.jpg

031221.jpg

03211111122-WA0057.jpg

 

 


 

Нигористон

Тақвим