Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳайати СММ

07.12.2021 15:04

7 декабри 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати Созмони Милали Муттаҳид иборат аз Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман ва мудири Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ Ҷаҳонгир Хонро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ баён намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, ба вежа Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро маҳкум карда, ҷонибдори татбиқи босамари “Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии  СММ дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амали Дабири кулли СММ ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез” мебошад.

Ҳамзамон Сироҷиддин Муҳриддин мусоҳибонро ба муносибати оғози марҳилаи 4-уми “Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии  СММ дар Осиёи Марказӣ”, ки маросими он дар ҳошияи вохӯрии 11-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ 8 декабри соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, табрик намуд.

1-IMG-1514-07-12-2021.jpg

Нигористон

Тақвим