Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон

08.12.2021 11:22

8 декабри 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим муовини Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсенро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 11-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Аснои мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, таъсири он ба минтақа, вазъи башардӯстона дар он кишвар ва зарурати расонидани кӯмаки фаврии башардӯстӣ ба мардуми Афғонистон табодули афкор намуданд.

1-Deputy FM and UNAMA Representative 08 12 2021.jpg

Нигористон

Тақвим