20 декабри 2021 дар Деҳлӣ Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, ки ҷиҳати иштирок дар нишасти 3-юми абзори мазкур дар Ҳиндустон қарор доранд, мулоқот намуд.
Зимни он доир ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар чаҳорчуби Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақаю ҷаҳон ва дигар таҳдидҳои амниятӣ табодули афкор сурат гирифт.
Нарендра Модӣ аҳаммияти рушди робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо ҳар як кишвари узви Муколамаро таъкид намуда, ба саммити ҷашнии 20 солагии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дарназардошти таъсири паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои узви Муколама, зарурати рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро таъкид намуд. Доир ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳои муштарак дар ин соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар поёни мулоқот изҳори умед шуд, ки натиҷаҳои нишасти сеюми Муколама ба таҳкими баъдии ин абзор ва расидан ба ҳадафҳои дарпешистода пурсамар хоҳад буд.