Суханронии Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ

01.03.2013 10:10

Суханронии Муовини якуми Вазири

корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон Озода Эмомалӣ

 

Хонумон ва ҷанобон!
Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалии Зан ва об!
Дар ибтидо мехостам меҳмонони арҷмандро, ки ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ дар доираи баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ба Тоҷикистони офтобӣ ташриф овардаанд, хайрамақдам бигӯям.

Имсол аз замони эълони Даҳсолаи байналмилалӣ даҳ сол пур мешавад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар раванди татбиқи Даҳсола ва беҳбуди дастовардҳои соҳаи таъмини об дар арсаи ҷаҳонӣ чораҳои муассир андешидааст. Мехоҳам таъкид намоям, ки дар ин раванд нақш ва мақоми зан, ки бори гарони мушкилоти ин соҳа дар бисёр ҳолат ба дӯши ӯст, баланд ва созанда арзёбӣ мегардад. Ин чизро ҳамоиши имрӯзаи занон, ки ба масъалаҳои вобаста ба об бахшида шудааст, бори дигар таъкид менамояд.

Ҳозирини гиромӣ,
Дар давоми даҳ соли гузашта ҷомеаи байналмилалӣ дар роҳи дастрасӣ ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалӣ, татбиқи нақшаҳои вобаста ба таъмини об ва истифодаи захираҳои обӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Равшан аст, ки масъалаҳои норасоии об, афзоиши аҳолӣ, рушди нобаробари минтақаҳо ва дигар мушкилоти обӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баъд аз соли 2015 андешидани чораҳои минбаъдаро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тақозо менамояд.

Чуноне пурсишҳо  нишон додаанд, дар аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ масъулияти асосии таъмини оби хонавода барои нушидан, шустушӯ, пухтупаз ва поккорӣ ба уҳдаи занон ва кӯдакон мебошад.  Норасоии об дар деҳот занон ва духтаронро ба маҳдудиятҳои зиёд дучор месозад.

 Бар асоси маълумоти пазируфта занон аз ҳама бештар аз норасоии об ранҷ мебаранд. Миллионҳо занон аз имконияти беҳбуди рӯзгузаронии худ маҳруманд. Ин ҳолатҳо боиси дар канор мондани занон ва духтарон аз раванди таҳсил, кор ва маҳдудияти даромади молӣ мегарданд.

 Ҳамаи ин занон ва духтаронро водор месозад, то барои таъмини  ҳуқуқҳои худ дар робита ба дастрасӣ ба об, беҳдошт, пешгирӣ аз марги модар ва кӯдак, беҳбуди зиндагӣ саъю талош намоянд.

Иштирокчиёни мӯҳтарам!
Кишвари мо дар раванди ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва дохилии вобаста ба об иродаи сиёсӣ нишон дода, ҳиссаи сазовори худро гузоштааст.

Ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвари мо мубаддал гардидааст. Дар ин росто Тоҷикистон дар тӯли ду даҳсолаи охир ба сифати ташаббускори асосии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об баромад менамояд. Бояд зикр намоям, ки қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, муқаррар намудани солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ба сифати Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об  бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории ҷомеаи байналмилалӣ сурат гирифтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои кишвар чораҳои амалӣ андешидааст. Ба ин мақсад дар давоми Даҳсола дар манотиқи гуногуни кишвар ба таври мунтазам барномаҳои дахлдор амалӣ карда шудаанд. Дар ин давра, ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар доираи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатии кишвар қарор доштанд. Барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли мушкилоти таъмини об даҳҳо миллиард сомонӣ аз буҷети кишвар ва аз ҳисоби ҷалби маблағҳои шарикони рушд сарф гардидаанд. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои обӣ вобаста мебошанд.

Дар кишвар ба мақсади ташаккули  заминаҳои ҳуқуқии танзими масъалаҳои марбут ба ҳифзи захираи давлатии об, ҳимояи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи иншооти обӣ ва кафолати давлатии таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар ҳамин радиф занони кишвар низ бо дарки он, ки масъалаи дастрасӣ ба оби тоза яке аз омилҳои муҳими ташаккули инсоният маҳсуб меёбад, имрӯз дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ, инчунин рисолати бузурги хешро дар самти истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳалли мушкилиҳои аҳолӣ дар самти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, ҳамчунин тарбияи экологии насли наврас корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.  

Муҳтарам иштирокчиёни конфронс!
Бо вуҷуди он ки 60 дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд боз ҳам ҳудуди 40 дарсади аҳолии кишвар дар самти дастрасӣ ба оби нушокӣ маҳдудиятҳои ҷиддӣ доранд. Таъмини об дар баъзе деҳоти кишвар ба мушкилоти бештар дучор гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дар саргаҳи обҳои минтақа қарор доштани кишвар аз андешидани тадбирҳои муштарак зимни ҳалли мушкилоти минтақавӣ дар робита ба истифодаи захираҳои обӣ самимона ҷонибдорӣ менамояд. Ба ин мақсад ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои минтақа ба роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ниёз доранд.

Дар воқеъ ҳалли минбаъдаи мушкилиҳои обӣ идомаи ҳамкориҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ, минтақаҳо ва кишварҳоро тақозо менамояд. Ин муносибат бешубҳа ба ташаккули раванди идораи муштараки захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи он мусоидати ҳамаҷониба хоҳад кард.

Мо аминем, ки ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об танҳо  зимни ҳамкориҳои муштараки давлатҳо, созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва диди муштараки стратегӣ метавонад имконпазир гардад.  

Маҳз рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо дар масъалаи об метавонад дар амри расидан ба ҳадафҳои таъминоти об ва ҳимояи самараноки муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар ҳар маврид мусоидат намояд.

Бинобар ин, дар доираи ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ бори дигар мавриди баррасӣ қарор додани мавзӯъҳои мухталифи марбут ба об ҳамко­рии бисёрҷониба мусоидати бештар хоҳад кард.

Бешубҳа, ҳамоиши имрӯза, баррасии доираи васеи мавзуъҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, мубодилаи таҷриба дар ин бахш ва тавсияҳое, ки аз натиҷаи он бармеоянд, ба муваффақияти минбаъдаи талошҳо ҷиҳати пешравии барномаи рушди баъд аз соли 2015 мусоидат хоҳанд кард.

Барои иштирокчиёни чорабинии имрӯза барори кор таманно менамоям.
Ташаккур. Саломат бошед!

Нигористон

Тақвим