Нишасти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Риёз

04.01.2022 15:01

2 январи 2022 дар шаҳри Риёз нишасти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар робита ба Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани  низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки  аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт,  баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, доираҳои алоқаманд ба сайёҳӣ ва сармоягузорӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари иқомат иштирок карданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни ин нишаст дар мавриди тафсилоти ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷорӣ намудани  низоми бераводиди яктарафа барои шаҳрвандони баъзе кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ суханронӣ кард ва ба аҳаммияти ин иқдоми саривақтӣ барои таҳкими беш аз пеши робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, махсусан дар самтҳои сайёҳӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ наворҳои инъикоскунандаи табиати зебо, имкониятҳои сайёҳӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ҳошияи нишасти матбуотӣ намоиши аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳии умедбахш” танзим гардид.

Briefing-in-Saudi-Arabia-04-01-2022-3.jpg

Нигористон

Тақвим