Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

16.02.2022 18:09

16 феврали соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2021 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2022 баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад. Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равона шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.       

Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи миллии мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.                               

Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кории Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барои соли 2022 тасдиқ гардид.

IMG-3581.jpg

IMG-3678.jpg

IMG-3641.jpg

IMG-3652.jpg

IMG-3662.jpg

IMG-3685.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим