Супоридани нусхаи эътимоднома ба Сардори ташрифоти Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия

17.02.2022 16:33

17 феврали 2022 Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Имомудин  Сатторов нусхаи эътимодномаи худро ба Сардори ташрифоти Вазорати      федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Германия Тилл Кнорн супорид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули назар карданд. Тилл Кнорн Сафири Тоҷикистонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Германия комёбиҳо орзу намуд.

 

 

Нигористон

Тақвим