23 феврали соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Болат Акчулаков баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои обу энергетика, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва дигар мавзӯъҳои рузмарра баррасӣ гардиданд.