Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси зиддитеррористии Тошканд

03.03.2022 15:05

3 марти соли 2022 дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Нақшаи амали муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид” ширкат ва суханронӣ намуд.  

Зимни суханронии худ, Вазири корҳои хориҷии кишвар аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла қабул ва татбиқи ду Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 ёдовар гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси дарпешистодаи сатҳи баланд, ки дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” дар моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

IMG-5819.jpg

265a7935-fd93-437c-a29b-89137cacfe8d.jpg

Нигористон

Тақвим