Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон

03.03.2022 18:55

3 марти соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии зиддитеррористии Тошканд вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид.  

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

IMG-58161.jpg

Нигористон

Тақвим