4 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими ифтитоҳи толори Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа (ДДНТУ), ки бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфа таъсис ёфтааст, ширкат варзид.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди фархунда табрику таҳният намуда, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии ҷавонон махсусан таъкид кард.
Ҳамзамон ба роҳбарияти Бошқирдистон, ДДНТУ ва диспораи тоҷикон дар минтақаи Федералии Приволж, ки саҳми худро дар таъсиси толори Тоҷикистон гузоштаанд, миннатдорӣ баён карда шуд.
Кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзӯӣ ва таҷҳизоти муосири толори таълимӣ ба хар як донишҷӯ имкони шиносоӣ бо анъана ва таърихи пурғановати Тоҷикистонро фароҳам меорад.
Дар рафти мулоқот бо донишҷӯён Д. Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, нақши муҳими ҷавононро дар рушди минбаъдаи кишвар махсусан таъкид кард. Илова бар ин, зарурати таҳкими робитаҳои донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда, ширкати фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон қайд карда шуд.