8 марти соли 2022 дар Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар ш. Женева мулоқоти дуюми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони "Пешвоёни обу иқлим" баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода муаррифӣ карданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Д. Ҷумъа дар партави мубориза бо тағирёбии иқлим дар баромади худ ба як қатор масъалаҳои вобаста дахл карда, ташаббуси нави Сарвари давлатро дар бораи эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қайд намуд.
Махсусан зикр гардид, ки ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи коҳиши босуръати пиряхҳои ҷаҳон ва мусоидат намудан ба таҳияи тадбирҳо оид ба рафъи оқибатҳои эҳтимолии обшавии пиряхҳо мебошад.
Дар ҷаҳорчӯби мулоқот ҳамчунин дигар ташаббусҳои дар доираи Панели мазкур таҳияшуда, ки ба ҳалли ҳамгироишудаи масъалаҳои об ва тағирёбии иқлим нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷаласа кори худро бо санади ниҳоӣ зери унвони "Даъват ба амал" ба анҷом расонида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати татбиқи он Нақшаи амалро дар фурсатҳои наздиктарин таҳия намоянд. Зикр гардид, ки натиҷаҳои аввалини кори "Пешвоёни обу иқлим" бояд дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню Йорк таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерладния баргузор мегардад, муаррифӣ карда шаванд.
Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони "Пешвоёни обу иқлим" соли 2021 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ ва механизми "СММ - Об" бо мақсади ба таври ҳамгироишуда пеш бурдани масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъсис дода шуда, 16 нафар сиёсатмадорону коршиносони сатҳи баланд аъзои он мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми арзандаашон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ аз аввалинҳо шуда барои узвият дар ин Панели сатҳи баланд даъват шуда буданд.