11 марти соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Сардори Раёсати равобити дуҷониба бо кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Дафтари Канслери федеролӣ Александр Валлау вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот мусоҳибон дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмонро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла таҳким ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона таъкид намуданд.