Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Маҷористон самимона табрик менамоям.
Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо Маҷористон манфиатдор мебошад ва ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамояд.
Мо хоҳони вусъати бештари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои нав дар ростои тавсеаи равобити густурдаи байни ду давлати дӯст ҳастем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии мо дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми тарафайн ба пояҳои баландтар бардошта хоҳад шуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандиву саодат ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Маҷористон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».
http://prezident.tj/node/27933